Samarqand Davlat Universiteti

uz-samdu-title

  • O'zbekcha
  • Русский
  • English

Phone:    +998 66 2391140
Fax:        +998 66 2391140
E-mail: monitor@samdu.uz
Ishonch telefoni: +998662391105

Bosh sahifa Tojik tili va adabiyoti

Tojik tili va adabiyoti

E-mail Bosish PDF

Тожик тили ва адабиёти кафедраси

АЗ ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОЧИК

alt

      Кафедраи забон ва адабиёти точик дар ҳайъати Университети Давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навой соли 1956  дар натичаи ба университет ҳамроҳ гардидани Институти педагогии ба номи Максим Горкий ва Институти муаллимтайёркунии ба номи Садриддин Айнй таъсис ёфтааст. Раҳим Муқимов, Раҳмон Эгамбердиев, Самариддин Аслиддинов, Садорат Аюбчонова, Талъат Абдучабборов, Мирсафо Атоев, Раззоқ Ғаффоров, Мардон Шарифзода, Восеъ Қосимов, Лўъбат Назарова ҳамчун устодони нахустини забон ва адабиёт дар ҳайъати он фаъолияти ибратбахш доштанд. Сонитар Ботурхон Валихўчаев, Солеҳ Ҳалимов, Шавкат Шукуров, Насриддин Шарофзода, Рауф Маъруфй, Султон Иброҳимзода, Абдуазиз Зоҳидов, Иброҳим Ғафуров низ ба қатори устодон ҳамроҳ гардиданд.

      Дар заминаи ҳамин кафедра соли 1967 дар Институти тозабунёди омўзгории Самарқанд ва соли 1988 дар Университети Давлатии Самарқанд кафедраҳои адабиёти точик таъсис меёбад. Баъди ба Университети Давлатии Самарқанд ҳамроҳ гардидани Донишгоҳи педагогй ҳар ду кафедра низ якчоя шуданд. Дар тўли фаъолияти кафедра ба он устодон Раҳим Муқимов, Талъат Абдучабборов, Ботурхон Валихўчаев, Солеҳ Ҳалимов, Шавкат Шукуров, Садрй Саъдиев, Амон Воҳидов, Абдусалом Самадов мудирй карданд. Инчунин дар солҳои гуногун Бахтиёр Насриддинзода, Азиза Юсуфова, Ҳусейн Далилй, Ғафур Маҳмудов, Абдунабй Зоҳидов, Саидчамол Мирчаъфаров,  Абдуваҳҳоб Воҳидов, Вафо Назаров, Муқаддас Дадабоев аз фанҳои мухталифи соҳаи филология -  забон ва адабиёти точик, забонҳои форсию арабй ба шогирдон дарс доданд.

        Дар тўли беш аз ним аср кафедра барои ба воя расонидани ҳазорҳо мутахассисони баландихтисос, ки онҳо арбобони фан, нависандагон, шоирон, рўзноманигорону намояндагони давлатй мебошанд, саҳми калони илмию таърихй дорад. Дар солҳои гуногун адибони точик Мирзо Турсунзода, Чалол Икромй, Сотим Улуғзода, Боқй Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзй, Лоиқ Шералй, Убайд Рачаб, Қутбй Киром, Гулчеҳра Сулаймонова ва дигарҳо меҳмони устодон ва шогирдони кафедра буданд. Инчунин донишмандони маъруф Абдулғанй Мирзоев, Бобочон Ниёзмуҳаммадов, Носирчон Маъсумй, Расул Ҳодизода, Холиқ Мирзозода, Абдуқодир Маниёзов, Азиз Шариф, А.З.Розенфелд, Г.М Налбандян, А.Афсаҳзод ва дигарҳо барои донишчўён аз масъалаҳои муҳими илмҳои забон ва адабиётшиносй маърўзаҳо хондаанд.

alt

       Дар солҳои 2005-2010 бо саъю кўшишоти устодони кафедра профессорон С.Саъдиев, А.Қамарзода, А.Воҳидов, дотсентон А.Самадов, Ч.Ҳамроев, А.Воҳидов, Ғ.Маҳмудов ва дигарон барои хонандагони мактабҳои таълимашон точикии ҳамагонй аз фанҳои забони точикй, хониши адабй, адабиёт  бо назардошти мафкураи замони истиқлол китобҳои дарсй офарида шуданд, ки онҳо, бешубҳа,  дар баланд бардоштани сифати таълим  роли калон бозиданд.

      Инчунин дар солҳои мавриди назар бо чидду чаҳди олимони кафедра дар Донишгоҳ анчуманҳои  байналхалқии бонуфузи илмии «Ғояи бедории миллй ва тафаккури нав дар адабиёти маърифатпарварй» (2001), «Эчоди адабии Садриддин Айнй» (2003), «Мафкураи истиқлол ва масъалаҳои муҳими филология» (2003), «Абдураҳмони Чомй ва Алишер Навой – намунаи ибрати ҳамкории азалй ва адабии мо» (2004), «Мавқеи Абў Абдулло Рўдакй дар адабиёти чаҳон» (2009) гузаронида шуданд, ки аҳамияти калони маърифатй ва тарбиявй доштанд.

       Алҳол, дар кафедра профессорон С.Саъдиев, А.Қамарзода, А.Воҳидов,Ч.Ҳамроев, дотсентон М.Истамова, А.Самадов, Ҳ.Бердиқулов, номзадҳои илми филология З.Юнусзода, С.Хўчақулов, омўзгорон М.Давронова, А.Хонхўчаева, Ғ.Раҳимқулов, Д.Ҳазратқулиён, Г.Адашуллоева бо фаъолияти илмй-омўзгорй машғуланд.

       Устодон ва омўзгорони кафедра пайваста бо тадриси соҳаҳои гуногуни илмҳои забоншиносй ва адабиётшиносй бо тадқиқоти илмй ҳам машғул ҳастанд ва дар ин чода низ бо марказҳои илмии Ўзбекистон ва кишварҳои хоричи он робита доранд.

                                          ИМРЎЗИ КАФЕДРА

        Аъзоёни кафедраи забон ва адабиёти точики Университети Давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навой дар кори ба ҳаёт тадбиқ намудани «Дастури миллии кадрҳо» саҳми арзанда мегузоранд. Мувофиқи дархосту талаботи замони нав дар кафедра барномаҳои намунавии таълимй аз самтҳои бакалавр ва магистратура доир ба аксари соҳаҳои илми забоншиносию адабиётшиносй, ки дар донишгоҳ таълим дода мешавад, таҳия шудаанд ва онҳо дар равнақи таълим татбиқи худро меёбанд.

alt

    Имрўзҳо агар устодони забоншиноси кафедра А.Воҳидов, М.Истамова, Ҳ.Бердиқулов, М.Давронова, А.Хонхўчаева, Ғ. Раҳимқулов, Г.Адашуллоева ба донишчўён аз фанҳои гуногуни забоншиносй-забони адабии ҳозираи точик, назарияи забоншиносй, методикаи таълими забони точикй, таърихи забони точикй, услубшиносй, забони асари бадей, маданияти нутқ ва дигарҳо таълим диҳанд, пас устодони адабиётшиноси кафедра С.Саъдиев, А.Қамарзода, Ч.Ҳамроев, А.Самадов, С.Хўчақулов, З.Юнусзода, Д.Ҳазратқулиён аз фанҳои мухталифи адабиётшиносй – таърихи адабиёти мумтозу муосири точик, назарияи адабиётшиносй, таърихи адабиёти чаҳон, адабиёти давраи бедории миллй, равобити адабии точику ўзбек, таърихи нақди адабй, методикаи таълими адабиёт, эчодиёти даҳанакии халқ, чараёни адабии муосир ва дигарҳо ба донишчўён таълим медиҳанд. Онҳо дар дили толибилмон нисбати забони модарй ва сеҳри каломи бадеъ шавқу ҳавас пайдо мегардонанд ва дар кори тарбияи чавонон дар рўҳи  садоқатмандй ба ғояҳои истиқлоли миллй, ватандўстй ва фидокорй саҳми муносиб мегузоранд. Пайваста бо ин аъзоёни кафедра бо пажўҳиши гуногунсамти илми филология машғул ҳастанд.

       Гуфтан ба маврид аст, ки фаъолияти илмии олимони кафедра ба омўзиши масъалаву муаммоҳои муҳими илмҳои забоншиносию адабиётшиносй, аз қабили луғатшиносй, муаммоҳои забони адабии ҳозираи точик, пайдоиш ва омилҳои инкишофи адабиёти точик, омўзиши хусусиятҳои хосаи адабиёти муосир, таҳқиқи афкори адабию эстетикии гузашта ва муосир, марҳалаҳои таърихи адабиёти точик, адабиёти тасаввуф, бедории миллй ва маорифпарварй, равобити адабй, чараёни адабии муосир, таҳлили эчодиёти адибони мумтозу муосир ва ғайра нигаронида шудааст. Танҳо дар давоми даҳ соли охир аз чониби устодону омўзгорони заҳматкаши кафедра беш аз 30 номгўй китобҳои дарсй ва васоити таълимй, 10 рисолаи илмй табъу нашр гардиданд. Хоса монография ва рисолаҳои илмии С.Саъдиев «Нақшбандия ва таъсири он ба адабиёт» (2001), «Муҳити адабии Самарқанд дар оинаи таърих» (2009), Ч.Ҳамроев «Асрори нақди адабй» (2004), «Нақди шеър» (2006), А.Самадов «Ҳаёт ва эчодиёти Абдулғанй Чавдат» (2002), «Муҳаққиқи робитаҳои адабй» (2003), «Масъалаи ваҳдати миллй ва умумиинсонй дар эчодиёти Мирзо Турсунзода» (2005), М.Истамова «Методикаи таълими адабиёти точик» (2007), С.Хўчақулов «Ташаккули жанрҳои адабиёти маърифатпарварй ва тачаддудхоҳй» (2008), А.Воҳидов «Забони адабии ҳозираи точик» (2010)  Ш.Шукуров «Лирикаи Бедил», А.Қамарзода «Гулистони адаб», Д.Ҳазратқулиён «Поэтикаи шеъри Фарзона» (2011) аз чустучўйҳои тозаи илмии аъзоёни кафедра далолат медиҳанд.

       Мақолаҳои илмй, илмй-услубй ва илмй-оммавии аъзоёни кафедра дар мачмўаҳои гуногуни илмй ва мачаллаҳои бонуфузи Ўзбекистон, Точикистон, Эрон, Русия, Ҳиндустон, Афғонистон, Амрико ва ғайра чоп шудаанд. Дар семинари илмии кафедра масъалаҳои умдатарини забоншиносию адабиётшиносй мавриди муҳокима қарор мегиранд.

        Дар кафедра кор бо донишчўёни соҳибиқтидор низ аз рўи нақша анчом дода мешавад, ки онро Маркази кор бо донишчўёни соҳибиқтидори донишгоҳ назорат менамояд. Устодону омўзгорони кафедра аз рўи нақшаҳои инфиродй мунтазамона бо донишчўёни соҳибиқтидор кор мебаранд. Самтҳои асосии фаъолияти онҳоро дар донишчўён такмил додани малакаи кори илмй навиштан, омўзонидани роҳу усулҳои пажўҳиши адабй ва тайёр намудани онҳо ба анчуманҳои илмй ва озмунҳои илмй-эчодй ташкил менамояд.

       Устодони кафедра, махсусан, профессорон С.Саъдиев, А.Воҳидов, дотсентон А.Самадов, М.Истамова, номзади илми филология С.Хўчақулов бо корҳои илмй-эчодии донишчўён чиддан машғул мешаванд. Донишчўёни соҳибиқтидоре, ки таҳти роҳбарии онҳо корҳои илмй-тадқиқотй бурдаанд, дар озмуну анчуманҳои илмй бо маърўзаҳои пурарзиши худ баромад карда ғолиби озмуну сазовори мукофотҳо гардидаанд. Дар кафедра нашри мачмўаи пажўҳишоти илмии донишчўёни соҳибиқтидор низ ба роҳ монда шудааст. Маҳфилҳои  адабии «Гулҳои умед», «Сухандон» низ фаъолияти ибратбахш нишон медиҳанд.

        Дар беҳтар гардидани кори таълимй, илмй, маънавй-маърифии устодони кафедра саҳми аспирант А.Шерназаров, лаборантҳо Д.Ахмедова, З.Султонова низ назаррас мебошад.

        Хулоса, дастовардҳои илмй ва эчодии устодону омўзгорон ва шогирдони онҳо ба равнақи илми филологияи точик нигаронида шудааст ва ба талаботи имрўз мусоидат менамояд.

Oxirgi yangilash ( 23.12.2011 14:33 )  

Rektor virtual qabulxonasi

Banner

Fotogaleriya


1-61-91-4foto-10foto-4

Elektron pochta xizmati

1414756350 e-mail2
Banner

E'lonlar

 
logoabitur1
   

Ruminayaning “Alexandra Ioana Cusa in Iasi” Universiteti tomonidan “Erasmus +” loyihasi bo’yicha  xodimlarva talabalar uchun grant stipendiyasini e’lon qiladi. Arizatopshirishmuddati 5-noyabr 2016 yil. Anketa formalarini ushbu web saytidan:  https://erasmusplus.uaic.ro/ olish mumkin. 
Qo’shimcha ma’lumotni Universitet Xalqaro Aloqalar bo’limidan olishingiz mumkin.
Eslatma: barcha harajatlar qoplanadi.
   

2017 yil fevral oyida o‘tkaziladigan «Mustaqillik mafkurasi va demokratik jamiyat qurishning iqtisodiy, ijtimoiy, siyosiy-ma’naviy negizlari va ilmiy asoslari», «O‘zbekistonning eng yangi tarixi» fanlaridan malakaviy imtihon topshiruvchilar ro‘yxati Imtihonlar soat 9.00 da SamDU majlislar zalida boshlanadi.

Loyihalar

Banner
Banner

Fikr.UZda SamDU blogi

Banner

Milliy internet tanlovi

Banner
Banner
Banner
Banner
Banner

Reyting


Statistika

Foydalanuvchilar : 7
Maqolalar : 487
Bog'lanishlar : 6
Ko'rilgan maqolalar soni : 15569060
Hozir 469 ta mehmon onlaynda

Ob-havo

Онлайн консультант